Турсунзода: ба сокинон наворҳои видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ ҷиҳати пешгирии COVID-19 пешниҳод гардид

Апрель 21, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар муассисаҳои кӯдакона, майдонҳо ва бозорҳои ҳудуди шаҳри мазкур ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии пандемияи COVID-19 корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи татбиқи Нақшаи амали ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чорабиниҳои зиддиэпидемӣ ҳангоми пандемияи короновирус COVID-19 сурат гирифтанд.

«Масъулин бо нишон додани наворҳои омӯзишии видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ, ки дар онҳо дар бораи чораҳои бехатарӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ ба табибон ҳагоми мушоҳидаи аввалин нишонаҳои короновирус маълумот дода мешаванд, оид ба пандемияи COVID-19  сухан гуфта,  аҳолиро аз оқибатҳои хатарбори риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ҳушдор доданд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 роҳандозӣ намудааст. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад.  Сокинони мамлакат  метавонанд дар ҳолати  мушоҳидаи  нишонаҳои нахустини вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.

Коронавирус охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуд ва то имрӯз зиёда аз 200 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифт. 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро расман пандемия эълон кард.

Аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси мазкур дар Чин Тоҷикистон барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, ҳамаи нафароне, ки аз хориҷ ба мамлакат ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди миллии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шуд. Инчунин дар ҳамаи вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда,  фаъол мебошанд.

16 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карда, дар ин робита ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ситоди ҷумҳуриявӣ ва масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи интиқол ва паҳншавии ин вирусро дар мамлакат  пайваста  тақвият мебахшанд.

Апрель 21, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад