Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон омӯзиши забони японӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора имрӯз зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита иттилоъ дода шуд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсон Сафарзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкории ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм ва густариши он дар оянда табодули назар карданд. Аз ҷумла, зикр намуданд, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар самти маориф ва илм дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ ва Протоколи ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон – Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни наттоқи забони японӣ баргузор мегардад. Донандагони забони японӣ ҷиҳати таҳсил ва такмили забономӯзӣ ба Япония сафарбар гардида, омӯзгорони соҳибзабон ва соҳибкасби японӣ ҷиҳати тадриси ин забон ба донишҷӯён дар муассисаҳои болозикр аз Япония ҷалб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Япония дар Душанбе ва маблағгузории ин кишвар дар Тоҷикистон се муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва ноҳияи Файзобод бо маблағи 3,6 млн сомонӣ ба истифода дода шуданд.
Ҷонибҳо дар фарҷоми суҳбат ҳавасмандии худро вобаста ба густариши бештар додани ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм иброз намуда, пешниҳодҳои мушаххас ва судманд манзур намуданд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






