Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Айни замон 1880 нафар шаҳрвандоне, ки ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар карантин қарор доранд»

Апрель 11, 2020 10:13

ДУШАНБЕ, 11.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 феврал то 10 апрел 7 ҳазору 362 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи  зикршуда то 10 апрел 5 ҳазору 482 кас  ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 1880 нафари он  зери назорати  карантинӣ  қарор доранд.

Ин нукта зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сирояти коронавирус, ки 10 апрел таҳти роҳбарии муовини Вазир Мирҳамуддин Камолзода доир шуд, баён гардид,

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад,  дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, пурзӯр намудани назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъмин намудани духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, боз ҳам чоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он  баррасӣ шуданд.

«Айни замон Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба реҷаи фаъолияти омодагии сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳамчун яке аз муассисаҳои муваққатӣ барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавируси COVID-19 муайян карда шудааст ва дар ҳолати зарурӣ гумонбарон дар он ҷой карда мешаванд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Вазорати инчунин иттилоъ додааст, ки беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо тамоми иқтидораш ва Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» барои ҷойгир намудани гумонбарони сирояти коронавирус омода карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, 3 ҳазору 150 кати табобатии нав барои сироятёфтагон тайёр карда хоҳанд шуд. «Албатта, ин ҳадди ниҳоӣ набуда, вобаста ба ҳолати пешомада боз катҳои иловагии нав ҷудо карда мешаванд»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар  Тоҷикистон то имрӯз сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ба ин нигоҳ накарда масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи вуруди ин вирус ба мамлакатро пурзӯр намуда истодаанд.

Апрель 11, 2020 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон