Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи гирифторшавии шаҳрвандонро ба бемории илтиҳоби шуш баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 25.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти он ки вақтҳои охир гирифторшавӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба назар мерасад, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар ҳолати дарёфт гардидани беморони мазкур фавран онҳоро ба ташхис ва табобат фаро бигиранд. Ин матлаб 24 апрел зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода тариқи онлайнӣ доир гардида, дар он муовинони вазир, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ба ин нигоҳ накарда, масъулин барои ҳолати эҳтимолии хуруҷи он ҷиҳати бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта тадбирҳои таъхирнопазир андешидаанд.
Дар ҷаласа ба масъалаҳои пешгирии сирояти коронавирус ва авҷ гирифтани бемории илтиҳоби шуш (пневмония) диққати махсус зоҳир карда шуд.
Зикр шуд, ки бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунанда ва ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои он мавриди татбиқ қарор доранд.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани бемории сироятии мазкур таъмини шуъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус ва таъмин намудани табибон бо либосҳои худмуҳофизатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва андешидани тадбирҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷудаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд»,- омадааст дар иттилоияи Вазорат.








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






