ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН ХАБАР МЕДИҲАД: Ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ воситаҳои зарурии муҳофизатӣ тақсим мекунанд

Апрель 29, 2020 12:21

ДУШАНБЕ, 29.04.2020  /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи андешидани тадбирҳои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии коронавирус барои Тоҷикистон як зумра воситаҳои муҳофизати инфиродӣ харидорӣ гардиданд. Ин воситаҳо ба 25 муассисаи тандурустии ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта 1863 адад либоси тиббии якдафъаина (комбинезон), 1000 адад дастпӯшаки гигиенӣ, 2 ҳазор адад респиратор (асбоб барои аз чангу газҳои заҳрдор муҳофизат кардани узвҳои нафас), 1500 адад ниқоб, 1000 адад айнак, 1500 адад сипари рӯйпӯши пластикӣ, 6 ҳазор кило хлор, 2 ҳазор адад маҳлули антисептикӣ, 100 адад лампаи ултрабунафш, 1000 адад кулоҳҳои якдафъаинаи тиббӣ, 1000 адад рӯйпӯши пойафзол (бахил) ва 50 адад ҳароратсанҷ (сканерҳои гармидиҳӣ) миёни муассисаҳои тиббӣ тақсим карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ин воситаҳои болозикр ба Тоҷикистон аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) расонида шудаанд.

Маблағи умумии ёрии башардӯстонаи интиқолшуда 500 ҳазор сомониро ташкил дод.

 Ҳамаи воситаҳо барои таъмини бехатарӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва омодагии кормандони тиб барои кумаки саривақтӣ ҷудо карда мешаванд.

Илова бар маводи коммуникатсионӣ, ки қаблан барои дастгирии маъракаи умумидавлатӣ оид ба тағйир додани рафтор дар робита ба COVID-19 таҳия шуда буданд, бастаи коммуникатсионӣ барои мутахассисони пешрафтаи тиббӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо оид ба кор бо иттилоот, асбоб ва тартибот барои муборизаи бехатар ва самаранок бар зидди COVID-19 дар ҷойҳо таҳия карда мешавад.

Апрель 29, 2020 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон