ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН ХАБАР МЕДИҲАД: Ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ воситаҳои зарурии муҳофизатӣ тақсим мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи андешидани тадбирҳои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии коронавирус барои Тоҷикистон як зумра воситаҳои муҳофизати инфиродӣ харидорӣ гардиданд. Ин воситаҳо ба 25 муассисаи тандурустии ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта 1863 адад либоси тиббии якдафъаина (комбинезон), 1000 адад дастпӯшаки гигиенӣ, 2 ҳазор адад респиратор (асбоб барои аз чангу газҳои заҳрдор муҳофизат кардани узвҳои нафас), 1500 адад ниқоб, 1000 адад айнак, 1500 адад сипари рӯйпӯши пластикӣ, 6 ҳазор кило хлор, 2 ҳазор адад маҳлули антисептикӣ, 100 адад лампаи ултрабунафш, 1000 адад кулоҳҳои якдафъаинаи тиббӣ, 1000 адад рӯйпӯши пойафзол (бахил) ва 50 адад ҳароратсанҷ (сканерҳои гармидиҳӣ) миёни муассисаҳои тиббӣ тақсим карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ин воситаҳои болозикр ба Тоҷикистон аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) расонида шудаанд.
Маблағи умумии ёрии башардӯстонаи интиқолшуда 500 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳамаи воситаҳо барои таъмини бехатарӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва омодагии кормандони тиб барои кумаки саривақтӣ ҷудо карда мешаванд.
Илова бар маводи коммуникатсионӣ, ки қаблан барои дастгирии маъракаи умумидавлатӣ оид ба тағйир додани рафтор дар робита ба COVID-19 таҳия шуда буданд, бастаи коммуникатсионӣ барои мутахассисони пешрафтаи тиббӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо оид ба кор бо иттилоот, асбоб ва тартибот барои муборизаи бехатар ва самаранок бар зидди COVID-19 дар ҷойҳо таҳия карда мешавад.









35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






