ВКХ: Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон бобати пешгирии ин сироят тадбир меандешад

Апрель 18, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали  ҳамагирии коронавируси нав дар ҷаҳон ҳамаи тадбирҳои заруриро бобати пешгирии сироят ва паҳншавии COVID-19 дар мамлакат меандешад. Дар ин бора дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар сатҳи Ҳукумат ситод таъсис ёфт, ки пайгирона ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тадбирҳои таъмини амнияти саломатии шаҳрвандон, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус ва таъмини аҳолии мамлакат бо озуқаворӣ ва доруворӣ машғул аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 17 апрели соли 2020 баргузор гардид, дар бораи муқобила бо бемории ҳамагир ба мардуми ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд.

Аз ҷумла, дар суханронии худ Сарвари давлат ба тадбирҳое, ки Ҳукумати мамлакат бобати пешгирии сироят ва паҳншавии коронавирус меандешад, инчунин ба иқдомҳои дигар баҳри мусоидат ба рушди иқтисодии мамлакат ҷиҳати рафъи пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 таъкид карданд.

Қаблан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар чораҳо ба намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур дода буданд, ки ҳамроҳ бо роҳбарони мақомот ва сохторҳои маҳаллӣ корҳои тавзеҳотиро анҷом дода, ба иҷро гардидани қарорҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин вирус мусоидат кунанд.

Инчунин бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба манзури ҳифзи саломатии аҳолӣ баргузории тамоми чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе лағв гардид.

Ҳамзамон бо дарназардошти вазъе, ки бар асари паҳншавии  коронавируси нав дар кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, 17 апрели соли 2020 Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи ҷорӣ намудани баъзе маҳдудиятҳо қабул кард. Мутобиқи қарори Шӯрои умало, эътиборан аз 18 апрели 2020 баргузории намозҳои ҷамоат — панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият ва инчунин дар моҳи рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ шуд. Ба сабаби муваққатан мамнӯъ шудани зиёрати хонаи Худо — Масҷид-ул-Ҳаром Шӯрои уламо аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нияти ҳаҷ доштанд, даъват намуд, ки маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро барои ниёзҳои иҷтимоӣ сарф кунанд.

Дар изҳороти Шӯрои уламо хоҳиш гардидааст, ки тавсияҳои табибон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар айёми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя шаванд.

Апрель 18, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа​ оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд