Норак: Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дӯсторони мутолиаро сарҷамъ кард
НОРАК, 04.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Норак даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» оғоз гардид, ки то 8 апрел идома меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Мақсади асосии баргузории фестивал ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Дар шаҳри Норак 16 адад китобхона бо теъдоди умумии 183 928 нусха китоб фаъолият доранд. Дар се моҳи аввали имсол 3596 нафар хонанда аз китобхонаҳо китоб гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 283 нусха зиёд мебошад.










Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






