Галина Перфилйева, роҳбари намояндагии Бюрои минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ: «Ҳар як ташхис оид ба сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба ТУТ пешниҳод карда мешавад»

Апрель 20, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳарчанд то  имрӯз дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораҳои  зиёди пешгирикунандаро дар ин самт амалӣ  менамоянд. Сатҳ ва сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси  сирояти коронавирус машғул аст, савияи дониши мутахассисони дар он фаъолияткунанда ва сифати ташхиси ин беморӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобӯ мебошанд. Зеро ин мутахассисон  курсҳои махсуси омӯзиширо дар хориҷ аз мамлакат азхуд намуда, ҳар як ташхиси анҷомдодаи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла то 16 апрели соли равон дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440 адади  онҳо такрорӣ мебошанд. Чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар мамлакат бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба қайд гирифта шуданд, қабл аз фавт ба онҳо  ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда буд, ки натиҷаашон манфӣ  баромад».

Ин  суханони роҳбари намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии ТУТ  дар  Тоҷикистон Галина Перфилйева мебошанд, ки  зимни  семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои коронавирус, ки  17-18 апрел дар шаҳри Душанбе   барои рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва хусусӣ доир гардид, садо доданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад,    семинарии мазкур бо ташаббуси маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон  бо мақсади  баланд бардоштани савияи дониши хабарнигорон вобаста ба пешгирии коронавирус ва чӣ гуна амал намудани онҳо  дар ҳолати ба қайд гирифтани бемории мазкур дар Тоҷикистон  доир гардид.

Галина Перфилйева иброз намуд, ки ТУТ дар Тоҷикистон ба дақиқии ин ташхисҳо итминон дорад, зеро тестҳое, ки барои  ташхис истифода мешаванд, дар аксар кишварҳо мавриди амал қарор дода шудаанд. Тестҳо барои ташхиси коронавирус танҳо ба он нафароне гузаронида мешаванд, ки дар онҳо ягон нишонаи  ин беморӣ, ба монанди таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина, дарди гулӯ ва ғайра ба мушоҳида расанд.

«Мо ҳамарӯза бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мустаҳкам роҳандозӣ намуда, пайваста дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дигар давлатҳо телеконфронсҳо баргузор  менамоем»-, афзуд  роҳбари Намояндагии доимии Бюрои   аврупоии ТУТ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Галина Перфилйева аз вазъи таъминот ва омодагии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати эҳтимолии хурӯҷи сирояти коронавирус ҳарф зада, иброз дошт, ки «ягон давлати олам барои мубориза ва пешгирии ин вирус омода набуд. Аз ин рӯ рӯзноманигоронро зарур аст, ки дар ин давраи ҳассос танҳо маводеро омода намоянд, ки дорои рақаму  далелҳои воқеӣ буда, мардумро ба пешгирии сирояти коронавирус ҳидоят созанд».

«Агар СOVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад, дар ин сурат ТУТ ва шарикони рушд  ба ҷумҳурӣ барои мубориза бо он ва табобати гирифторон кумаки зиёд мерасонанд»,-афзуд  Галина Перфилйева.

Апрель 20, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон