Ёвон: баҳри пешгирии корнавирус дар ноҳия корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. То 9 апрел аз тарафи гурӯҳҳои дезинфексионии ноҳияи Ёвон дар 1 ҳазору 133 хоҷагӣ, 100 муассисаи таълимӣ, 176 масҷид, бозори марказии ноҳия ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ корҳои безараргардонӣ доир шуда, ин иқдом дар деҳот ва дигар субъектҳои хоҷагидории ноҳия идома дорад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти короновирус дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии сирояти мазкур дар ноҳияи Ёвон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бо ин мақсад ҳоло дар ноҳияи мазкур аз ҳисоби шуъбаҳои дезинфексионии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази тропикӣ шуъбаи дезинфексионӣ ташкил гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки айни замон аз ҳисоби кормандони сохторҳои соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ёвон 87 гурӯҳҳои ташфиқотию тарғиботӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо байни мардум оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корбарӣ менамоянд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






