АҲСАНТ, БАРОДАР! Кумаки соҳибкори тоҷик дар Новосибирск халқияту миллатҳои дигарро хушҳол намуд

Май 13, 2020 17:06

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайи хуруҷи бемории сироятии Ковид-19 ва ҷорӣ гардидани карантин дар қаламрави Федератсияи Россия на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, балки кулли кишварҳо муваққатан бекор мондаанд. Дар ин баробар дарсҳои донишҷӯён низ ҷиҳати ҳифзи саломатии онҳо ба таври фосилавӣ ва ё онлайн роҳандозӣ гардидаанд.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ “Ховар” дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар чунин рӯзҳои душвор ҷиҳати дастгирии чунин табақаи ниёзманд  соҳибкорони муваффақи тоҷик бо пайравӣ аз ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои наҷиберо рӯйи даст гирифтанд. Аз ҷумла, тӯли ду рӯз аз ҷониби ҷавонмарди ватандӯст, ободкору боҳиммат Убайдулло Шоев барои садҳо донишҷӯи шаҳри Бердск ва Новосибирск,  зиёда аз 52 нафар коргарони корхонаи “Кирпичное”-и шаҳри Бердск ва дигар миллатҳои маскуни вилояти Новосибирск маводи ғизоӣ ва воситаҳои беҳдошти гигиенӣ тақсим гардид.

Вақте ки мардум ва халқияту миллатҳои гуногун кумакҳоро мегирифтанд, миннатдорию сипоси онҳоро ҳадду канор набуд. Хусусан ашки шодии модаре, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон буда, бо наберагони хурдсолаш дар Новосибирск кору зиндагӣ мекунад, ба қалбҳо бетаъсир набуд. Ӯ баъд аз хуруҷи ин беморӣ ва эълон шудани карантин ҷойи кори худро аз даст дода, бекор мондааст ва аз чунин амали неки соҳибкор Убайдулло Шоев хушҳол гардида, барои миллати соҳибноми тоҷик, ки чунин фарзандони соҳибхираду саховатпешаро ба воя расонидааст, даст ба дуо бардошт.

Амали неки Убайдулло Шоев дар   давраи мушкил барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар аз ҳувияти баланд, тарбияи неку ахлоқи ҳамида доштани фарзандони миллати тоҷик ва бетафовут набудан нисбат ба рӯзгори миллатҳои дигар дарак медиҳад.

Май 13, 2020 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд