АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 14 май дар Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ шудааст

Май 14, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  14 май дар ҷумҳурӣ эҳтимоли якбора ноустувор гардидани вазъи ҳаво дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида, ба истисно аз шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши боронҳои сел пешгӯӣ шудааст. Инчунин дар ин рӯз раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

14 май ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 6-8 дараҷа паст шуда, шамол бо шиддати  13-18 метр дар як сония мевазад. Инчунин дар ин рӯз дар дарёҳои ҷумҳурӣ якбора сатҳи об баланд шуда, дар минтақаҳои кўҳӣ ва доманакўҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба вуҷуд омадани сел дар назар аст.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар рӯзҳои боронӣ аз саёҳат дар кӯҳҳо худдорӣ карда, чорвои худро ба чарогоҳҳо набаранд.

Инчунин бо мақсади пешгирии садамаҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ва гузаргоҳҳо аз ронандагон даъват карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда,  ҳаракати шабонаро маҳдуд кунанд.

Дар сурати рух додани ҳолатҳои хавфнок, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои 112 ва ё  223 13 11 занг зананд.

Май 14, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид