АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА». Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти марбута омили болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии онро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани омилҳои асосии болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии он дар нуқтаҳои савдои ҳудуди мамлакат бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони расмии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки вақтҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19», ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, сару садоҳо дар байни сокинон оид ба баланд шудани арзиши баъзе аз номгӯи маводи доруворӣ ва камчин шудани онҳо дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти тиббӣ зиёд гардидааст.
Дар ҷамъомади мақсаднок оид ба ҳолати мазкур андешаронӣ сурат гирифта, мақомоти дахлдори соҳавӣ сабаби камчинии баъзе номгӯи дорувориро дар худсарона пинҳон доштан ва ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши он аз ҷониби соҳибкорони манфиатҷӯй арзёбӣ намуданд.
Намояндагони Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, ки воридоти маводи доруворӣ ба ҷумҳурӣ бидуни мушкилӣ ба роҳ монда шудааст ва масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ, Хадамоти гумруки назди ҲҶТ ва дигар ниҳодҳои марбута ба рейди муштарак баромада, ҷиҳати дақиқ намудани ҳолати воқеӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар робита ба ҳолати пешомада, ки мавҷи баҳсҳоро аз ҷониби истеъмолкунандагон ба бор овардааст, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рейди махсуси санҷишӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдори соҳа дар ҳудуди пойтахт доир намуда, байни харидорон ва фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни рейди муштарак ошкор гардид, ки баъзе аз савдогарон дар нуқтаҳои фурӯши маводи доруворӣ бинобар афзудани талабот нисбат ба давоҳои зиддивирусӣ арзиши онро ба таври сунъӣ ба маротиб боло бурда, ба эҳтиёҷмандон мефурӯхтаанд.
Дар баъзе ҳолатҳо чунин маводи тиббиро пинҳон дошта, ба мизоҷони наздики худ дастрас менамудаанд.
Нисбат ба чунин ашхос дар асоси талаботи қонунгузорӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуда, дар сурати такрори ин ҳолатҳо чораҳои иловагии ҷиддӣ аз тарафи мақомоти салоҳиятдор татбиқ хоҳад шуд.
Чунин чорабиниҳои мақсаднок минбаъд низ аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар миқиёси мамлакат гузаронида мешавад.








Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»






