АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА». Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти марбута омили болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии онро баррасӣ карданд

Май 7, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани омилҳои асосии болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии он дар нуқтаҳои савдои ҳудуди мамлакат бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони расмии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута вохӯрӣ  доир гардид.

Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки вақтҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19», ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, сару садоҳо дар байни сокинон оид ба баланд шудани арзиши баъзе аз номгӯи маводи доруворӣ ва камчин шудани онҳо дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти тиббӣ зиёд гардидааст.

Дар ҷамъомади  мақсаднок оид ба ҳолати мазкур андешаронӣ сурат гирифта, мақомоти дахлдори соҳавӣ сабаби камчинии баъзе номгӯи дорувориро дар худсарона пинҳон доштан ва ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши он аз ҷониби соҳибкорони манфиатҷӯй арзёбӣ намуданд.

Намояндагони Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, ки воридоти маводи доруворӣ ба ҷумҳурӣ бидуни мушкилӣ ба роҳ монда шудааст ва масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ, Хадамоти гумруки назди ҲҶТ ва дигар ниҳодҳои марбута ба рейди муштарак баромада, ҷиҳати дақиқ намудани ҳолати воқеӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар робита ба ҳолати пешомада, ки мавҷи баҳсҳоро аз ҷониби истеъмолкунандагон ба бор овардааст, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рейди махсуси санҷишӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдори соҳа дар ҳудуди пойтахт доир намуда, байни харидорон ва фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни рейди муштарак ошкор гардид, ки баъзе аз савдогарон дар нуқтаҳои фурӯши маводи доруворӣ бинобар афзудани талабот нисбат ба давоҳои зиддивирусӣ арзиши онро ба таври сунъӣ ба маротиб боло бурда, ба эҳтиёҷмандон мефурӯхтаанд.

Дар баъзе ҳолатҳо чунин маводи тиббиро пинҳон дошта, ба мизоҷони наздики худ дастрас менамудаанд.

Нисбат ба чунин ашхос дар асоси талаботи қонунгузорӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуда, дар сурати такрори ин ҳолатҳо чораҳои иловагии ҷиддӣ аз тарафи мақомоти салоҳиятдор татбиқ хоҳад шуд.

Чунин чорабиниҳои мақсаднок минбаъд низ аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар миқиёси мамлакат гузаронида мешавад.

Май 7, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид