Ҳашт нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон омаданд

Май 8, 2020 17:23

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии худро ба сифати вирусолог барои ташхису табобати Covid-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхису табобати бемории сирояти коронавирус кумаки башардӯстона расонида шуд.  Кумакҳои башардӯстона аз маводи безараргардонӣ, ба монанди воситаҳои антисептикӣ-дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, респираторҳо, айнакҳои тиббӣ, дастпӯшҳо, ниқобҳо, таҷҳизоти тиббии ИВЛ ва  номгӯи доруҳо иборат мебошанд.

Тавре сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовидон Амиров ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт, маротибаи  дуввум аст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона равон карда мешавад. Ин кумакҳо барои табобати беморони каронавирус равона карда шудаанд.

«Инчунин 8 нафар вирусологе, ки аз ҷумҳурии ҳамсоя  ба мамлакати мо барои ташхису табобати беморони каронавирус омадаанд, метавонанд кори табибони моро осон намоянд»-гуфт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки маротибаи аввал 9 апрели соли равон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус 18 вагон кумаки башардӯстона расонида шуд, ки он аз орд ва маводи безараргардонӣ иборат буд.

Май 8, 2020 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»