Ба хотири таъмини солимии сокинон дар маркази Суғд корҳои тамизкунӣ пурзӯр гардидаанд
ХУҶАНД, 19.05.2020. /АМИТ Ховар/. Имрӯзҳо ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, таъмини солимии сокинон ва беҳбуд бахшидан ба фазои экологӣ дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои тамизгардонӣ пурзӯр гардонида шудаанд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми шаҳр идома хоҳанд ёфт.
Корҳои безараргардонӣ асосан шабона бо ҷалби кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, бозорҳо, хосатан, дар ҳудуди кўчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Гагарин, Сирдарё, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Шарқ, Фирдавсӣ, Саидвалиев, Истиқлол ва якчанд микроноҳияҳо роҳандозӣ гардиданд.
Ҳамарӯза дар маҳаллаҳову корхона ва муассисаҳои ҳудуди шаҳр бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон ба роҳ монда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамзамон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус талаботи қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд, худ ва атрофиёнро эҳтиёт намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






