БА ШУМО КУМАКИ АВВАЛИ ТИББӢ НАРАСОНИДАНД Ё ДОРУХОНАҲО ДОРУ НАДОДАНД? Пас ба Прокуратураи генералӣ бо рақами 235-11-11 занг занед

Май 7, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд шаҳрвандоне, ки ба ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввали тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббиву дорухонаҳо ва ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин ва қимат кардани маҳсулоти доруворӣ дучор мешавад, метавонанд тавассути рақамҳои телефонии 235-11-11 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.

Тавре гуфта мешавад, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва таъсири манфии он ба саломатии аҳолӣ роҳандозӣ шудааст.

«Вазъи ҷаҳонии имрӯза вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш оварда, ба сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ ва хизматрасонӣ дар аксарияти соҳаҳо таъсири манфӣ расонида истодааст, — омадааст дар иттилоияи Прокуратураи генералӣ ва аз аҳолии мамлакат  хоҳиш карда шудааст, ки ба овозаҳои беасоси зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввал ва баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дода нашаванд».

Ҳамзамон мақомоти мазкур таъкид менамояд, ки дар сурати паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, нисбат ба нафарони паҳнкунанда ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Май 7, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид