COVID-19. Беш аз ду миллион юан кумаки Артиши миллии Чин барои мубориза бо коронавирус ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбии шаҳрвандони мамлакат аз бемории COVID-19 кумаки башардӯстона фиристонид. Ин кумак аз 13 номгӯй таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ иборат буда, маблағи умумияш беш аз 2 миллион юан, муодил ба 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ мебошад.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, подполковник Ориф Нозимиён дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки кумаки башардӯстонаи Артиши миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, ба ҳамкасбони чинии худ барои ироаи кумаки башардӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд арзи сипос намуданд.
Ориф Нозимиён гуфт, ки ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 1993 оғоз гардида, ҳоло дар марҳилаи рушд қарор дорад.
Кумаки башардӯстонаи Артиши миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни вазоратҳои мудофиаи ду давлати ҳамҷавор фиристода шудааст, табибони низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон танҳо барои солимӣ ва пешгирӣ аз гирифторшавии аҳолии мамлакат ба бемории сироятии COVID-19 истифода мебаранд.













ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






