COVID-19. Дар бархе тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намегарданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2020. /АМИТ Ховар/. Дар тарабхонаи «Мерве»-и шаҳри Душанбе, ки филиалҳои он дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва хиёбони «Рӯдакӣ» мавҷуданд, ҳангоми назорати фаврӣ маълум гардид, ки бо воридшавии мизоҷон ба тарабхона ҳарорати онҳо санҷида намешаваду дастҳояшон низ бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар намегарданд. Ин ҳолат зимни санҷиши гурӯҳҳои сайёри Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муайян гардид.
Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Чанд муддат аст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои сайёри Раёсати мазкур дар ошхонаву тарабхона, кӯчаву хиёбонҳо, дӯкону фурӯшгоҳ, мағозаҳои фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар маконҳои гаштугузори шаҳрвандон дар пойтахт амалиёти профилактикию назоратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шудаанд.
Дар доираи тавсияи мутахассисон ва қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавируси нави КОВИД-19 Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа пайваста дар ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои таблиғотию назоратӣ мегузаронад.
Аз ҷумла, зимни гузаронидани корҳои назоратӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт оид ба муйян намудани ҳолати риояи беҳдошти шахсӣ, истифодаи ҳароратсанҷ, қабули мизоҷон ва дигар паҳлуҳои ба ин масъала рабтдошта дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳои шаҳри Душанбе маълум гашт, ки дар аксарият ошхонаву тарабхонаҳо ин қоидаҳо ба куллӣ риоя намешаванд.
Масалан, дар тарабхонаи «Мерве»-и шаҳри Душанбе ҳамин ҳолат мавҷуд буд. Доир ба иҷро нагардидани корҳои беҳдоштӣ кормандон ҳар гуна баҳона меҷустанду ҷавоби аниқ намедоданд. Ҳамчунин баъзе аз пешхизматон бе ниқобу дастпӯшак фаъолият мекарданд.
Ҳолати аз ин бадтар дар ошхонаи «Шифо», воқеъ дар кӯчаи Назаршоеви ноҳияи Шохмансур ошкор гардид. Набудани ҳароратсанҷ, бе дастпӯшаку ниқоб кор кардани хизматгорон ва ифлос будани зарфҳои истифодашаванда ҳолати нигаронкунанда мебошад.
Дар чойхонаи «Яхмос», воқеъ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва сихкабоби «Тахтача» дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шохмансур, ошхонаи «Фарел Хаус» ва ошхонаи «Озода» дар кӯчаи Лоиқ Шералии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи «Сафо» дар кӯчаи Носири Хусрав ва чанд макони дигари хӯроки умумӣ одитарин қоидаҳои санитарии аз ҷониби Ситоди ҷумҳуривӣ пешбинишуда риоя намешуданд.
Гарчанде дар баъзеи ин ошхонаву тарабхонаҳо маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷ вуҷуд дошт, вале мутаассифона, чун намоиш дар гӯшае монда шуда, умуман истифода бурда намешуданд.
Зимни ошкор кардани ҳолатҳои ғайристандартӣ дар ин маконҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






