COVID-19. Имрӯз дар заминаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой ба табобати беморон шуруъ мекунад
ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар заминаи бинои навсохти Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ беморхонаи муваққатӣ барои табобати беморони гирифтори коронавирус бо 500 ҷой барои беморон ва 150 ҷой барои табибон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Субҳи имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳолати беморхона ва шароити он дидан намуданд.
Тавре каблан хабар дода будем, бо назардошти вазъияти баамаломада Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3000 (се ҳазор) кати хоб ҷиҳати муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии короновирус — COVID-19 бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода намоянд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати зиддиэпидемиологӣ ва тадбирҳои пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (CОVID-19) таҳти назорати доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус қарор дорад.
Аз ин рӯ, дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ба таҳлука наафтанд ва қоидаҳои шахсии беҳдоштиро пайваста риоя намоянд.
ДАР АКСҲО: шароит дар Беморхонаи муваққатӣ
P.S. Қоидаҳои беҳдоштии шахсиро, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия додааст, дар саҳифаи аввали сомонаи АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикию русӣ мутолиа кунед.
















35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст






