COVID-19. Мулоқоти коршиносони СУТ бо масъулини соҳаи тандурустии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 май коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо масъулини соҳаи тандурустии мамлакат вобаста ба бозбинии протоколҳои клиникӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мутахассисони тоҷик вобаста ба протоколҳои клиникӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 12 май дар нишасти хабарии мустақим оид ба натиҷагирӣ аз сафари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон Роҳбари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Патрик О’Коннор зикр намуд, ки тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъ на танҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсиррасон мебошанд.
«СУТ ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эътимод дорад ва дар оянда дар ҳама марҳилаҳои вокуниш ба пайдоиши COVID-19 ба Ҳукумати Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Мардум бояд донанд, ки чораҳои асосии мубориза бар зидди пандемия — ин риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдошти ҷамъиятӣ, истифодаи ниқоб ва нарафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Ин чизест, ки имрӯз ҳам СУТ ва ҳам Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия медиҳанд ва риояи ин қоидаҳо зарур ва ҳатмӣ мебошад»,- гуфт роҳбари ҳайати СУТ.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати СУТ аз 1 май инҷониб дар Тоҷикистон қарор дошта, ҳадафи асосии ташрифи онҳо мусоидат намудан дар арзёбии хатарҳо ва таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори таҷрибавӣ ва лабораторӣ мебошад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






