COVID-19. Муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода дар шаҳри Конибодом ҷаласаи корӣ доир кард

Май 15, 2020 08:24

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо иштироки раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода, сарварони дармонгоҳҳои шаҳр, роҳбарони марказҳои саломатӣ ва фаъолон бо мақсади таҳлили вазъи воқеӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Сарвазири мамлакат вобаста ба гузаронидани суҳбатҳо байни аҳолӣ, дарёфти нафарони табашон баланд, равон намудани онҳо ба беморхонаҳо ва дигар масъалаҳои муҳим аз масъулини соҳаи тандурустӣ ва роҳбарони марказҳои саломатӣ  пурсон шуд.

Зикр гардид, ки айни замон дар шаҳри Конибодом 16 маркази саломатии деҳот, 2 маркази саломатии шаҳр, 18 бунгоҳҳои тиббӣ  фаъолият мекунанд.

Дар самти пешгирӣ аз  паҳншавии  бемории коронавирус дар шаҳр тадбирҳо пурзӯр карда шудаанд. Тибқи иттилои масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии  шаҳр, ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ бо истифода аз нақлиёту дастгоҳи зарурӣ  анҷом дода мешаванд. Барои иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ миқдори заруриии маҳлулҳо захира карда шудаанд.

Дар ин самт корҳо аз ҷониби марказҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ низ тақвият дода шуда, табибони оилавии ҳамаи марказҳои саломатӣ имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати солимии сокинонро дар мадди аввал қарор додаанд. Маводи доруворӣ, корҷомаҳои тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба таври кофӣ захира карда шудаанд.

Дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, гардиши хона ба хонаи табибони оилавӣ ва ташхиси саривақтии нафарони  дорои нишонаҳои коронавирус ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Муовини Сарвазири мамлакат дастур дод, ки барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарёфти нафарони гирифтор ба бемории COVID-19 фаъолияти масъулин, занону ҷавонон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ ҷоннок карда шавад.

Дар интиҳои ҷаласа Ширин Исматуллозода ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият, пеш аз ҳама, иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Май 15, 2020 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»