COVID-19. Муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода дар шаҳри Конибодом ҷаласаи корӣ доир кард
ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо иштироки раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода, сарварони дармонгоҳҳои шаҳр, роҳбарони марказҳои саломатӣ ва фаъолон бо мақсади таҳлили вазъи воқеӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Сарвазири мамлакат вобаста ба гузаронидани суҳбатҳо байни аҳолӣ, дарёфти нафарони табашон баланд, равон намудани онҳо ба беморхонаҳо ва дигар масъалаҳои муҳим аз масъулини соҳаи тандурустӣ ва роҳбарони марказҳои саломатӣ пурсон шуд.
Зикр гардид, ки айни замон дар шаҳри Конибодом 16 маркази саломатии деҳот, 2 маркази саломатии шаҳр, 18 бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият мекунанд.
Дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар шаҳр тадбирҳо пурзӯр карда шудаанд. Тибқи иттилои масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр, ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ бо истифода аз нақлиёту дастгоҳи зарурӣ анҷом дода мешаванд. Барои иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ миқдори заруриии маҳлулҳо захира карда шудаанд.
Дар ин самт корҳо аз ҷониби марказҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ низ тақвият дода шуда, табибони оилавии ҳамаи марказҳои саломатӣ имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати солимии сокинонро дар мадди аввал қарор додаанд. Маводи доруворӣ, корҷомаҳои тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба таври кофӣ захира карда шудаанд.
Дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, гардиши хона ба хонаи табибони оилавӣ ва ташхиси саривақтии нафарони дорои нишонаҳои коронавирус ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Муовини Сарвазири мамлакат дастур дод, ки барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарёфти нафарони гирифтор ба бемории COVID-19 фаъолияти масъулин, занону ҷавонон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ ҷоннок карда шавад.
Дар интиҳои ҷаласа Ширин Исматуллозода ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият, пеш аз ҳама, иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






