COVID-19. Муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо вазъи марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо шинос мешаванд

Май 14, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 13 май бо супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо  вазъи марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо муовинони вазир Саида Умарзода ба ноҳияи Варзоб, Мирҳамуддин Камолзода ба ноҳияи Шаҳринав  ва Шодихон Ҷамшед ба  шаҳри Норак сафар намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовинони вазир бо  фаъолияти беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ  шинос шуда, масъалаҳои  гузаронидани ташхисҳо, ба мардум  фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворӣ — зиддивурусӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳадаф аз сафари масъулини вазорат аз наздик шинос шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ ва сари вақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва сари вақт ҳал намудани мушкилоти табибон мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан худ ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ рафта, ҷараёни корҳои табобатиро мушоҳидаю назорат намуд ва имрӯз  баҳри бартараф кардани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус тадбирҳои зарурӣ амалӣ намудааст. Аз ҷумла, ситоде, ки дар назди вазорат таъсис дода шудааст, ҳамарӯза вазъи бистарикунонии беморон, таъминоти духтурон бо либосҳои ҳифозатӣ, ба танзим даровардани нархи доруворӣ ва ҷараёни муолиҷаи беморонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Май 14, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон