COVID-19. Муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо вазъи марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 13 май бо супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо вазъи марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо муовинони вазир Саида Умарзода ба ноҳияи Варзоб, Мирҳамуддин Камолзода ба ноҳияи Шаҳринав ва Шодихон Ҷамшед ба шаҳри Норак сафар намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовинони вазир бо фаъолияти беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ шинос шуда, масъалаҳои гузаронидани ташхисҳо, ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворӣ — зиддивурусӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳадаф аз сафари масъулини вазорат аз наздик шинос шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ ва сари вақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва сари вақт ҳал намудани мушкилоти табибон мебошад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан худ ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ рафта, ҷараёни корҳои табобатиро мушоҳидаю назорат намуд ва имрӯз баҳри бартараф кардани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус тадбирҳои зарурӣ амалӣ намудааст. Аз ҷумла, ситоде, ки дар назди вазорат таъсис дода шудааст, ҳамарӯза вазъи бистарикунонии беморон, таъминоти духтурон бо либосҳои ҳифозатӣ, ба танзим даровардани нархи доруворӣ ва ҷараёни муолиҷаи беморонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






