COVID-19. Табибону беморон дар ноҳияи Рӯшон аз кумакҳои Пешвои миллат бархурдор гардиданд

Май 20, 2020 09:52

ХОРУҒ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони соҳаи тибби ноҳияи Рӯшони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бемороне, ки ҳоло дар беморхонаи марказии ин ноҳия табобат мегиранд, аз кумакҳои Пешвои миллат бархурдор гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ин кумакҳо, ки аз 35 тонна маводи ғизоӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои табибон ва дорую дармон барои беморон иборатанд, дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар анборхона захира  шуданд. Баъдан ин кумаки башардӯстона ба беморхонаҳои минтақавии водии Бартанг, марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳоти ин ноҳия интиқол дода мешаванд.

Сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ Худоназар Мардонаев барои чунин кумаки саривақтӣ аз номи кормандони соҳаи тиб ва беморони мубтало ба COVID-19 миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки табибон дар айни ҳол шабонарӯзӣ ба муолиҷаи беморон ва пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ машғуланд. Дар ин кор ба онҳо мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ кумак мерасонанд. Ба гуфтаи сардухтури беморхона, «аз рӯзи эълон шудани пандемия дар мамлакат дар беморхона 15 нафар бистарӣ шуданд, ки то имрӯз  8 нафарашон табобат ёфта, ба хонаҳояшон баргаштанд. Вазъи беморони дигар низ хуб аст ва умедворем, ки рӯзҳои наздик пурра шифо хоҳанд ёфт».

Ба андешаи  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зубайда Султонбекова, «агар хоҳем, ки аз ин бемории сироятии марговар наҷот ёбем, бояд дар атрофи давлати соҳибистилолу ҳукумати ҷумҳуриамон муттаҳид бошем. Танҳо ҳамин муттаҳидию ҳамбастагӣ моро наҷот медиҳад».

Собиқадори соҳаи маориф Гулбегим Шакарбекова изҳор намуд, ки «мо кумаку дастгириии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар давраҳои ҳасосу вазнин ҳамеша эҳсос менамоем. Вақте ки сокинони деҳаи Ғудараи водии Бартанг бар асари зилзила ва сокинони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи сели даҳшатбор манзилу тамоми дороиҳои худро аз даст доданд, нахустин шуда, Сарвари  давлат ба онҳо дасти кумак дароз кард, ҳамаи осебдидагонро дар зудтарин фурсат ҳам бо манзил ва ҳам асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин намуданд».

Миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ борҳо бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст ва ҳар бор бо муттаҳидию ҷонфидоии худ ин мушкилотро паси сар кардааст. Бемории сироятии COVID-19 низ як имтиҳони навбатӣ барои мардуми ҷаҳон ва аз ҷумла, тоҷикистониён аст, ки ин бор ҳам бо иродаи матин ва дили пур аз умед пушти сар хоҳанд кард.

 

Май 20, 2020 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон