Дар Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба ҳамватанон кумаки хайриявӣ расонида шуд

Май 20, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори қабули бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Екатеринбург ба 115 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯён кумаки хайриявӣ расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Екатеринбург иттилоъ доданд.

Кумак ба андозаи 5 ҳазор рубли русӣ  барои як шаҳрванд буда, ба онҳое расонда шуд, ки қаблан  бар иллати мушкилиҳои моддӣ дар шароити карантин ва буҳрони коронавирус барои имдод ба муассисаи консулӣ муроҷиат карда буданд.

Кумакрасонии хайриявӣ ба андозаи умумии 500 ҳазор рубли русӣ аз ҷониби намояндагони ширкати “Экономмаркет” сурат гирифт. Ширкати мазкурро дар қаламрави Россия ҳамватанони мо таъсис дода, рушду тавсеа медиҳанд. Фаъолияти босамари он, аз ҷумла, минтақаҳои Урал ва Сибирро дар бар мегирад.

Май 20, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад