ДАР ТОҶИКИСТОН ДАҲАИ ДУВВУМИ МОҲИ ИЮН КОРОНАВИРУС МЕТАВОНАД НОБУД ШАВАД. Ин хулоса аз пешгӯиҳои мутахассисон бармеояд

Май 27, 2020 10:52

ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аллакай  даҳаи дуввуми моҳи июн метавонад коҳишёбӣ ва  нобуд  шудани COVID-19 шуруъ шавад. Ин хулоса аз пешгӯиҳои мутахассисон бармеояд, менигоранд таҳлилгарони АМИТ «Ховар».

Вақтҳои охир  бисёре аз фолибинҳои(эзотерикҳои) навбаромад ва  ашхоси воҳимачӣ дар сомонаҳои махсуси сохтаи худ ҳатто дар бораи марги тамаддун суҳбат мекунанд, гӯё коронавирус инсониятро  зеру забар месозад.   Эҳтимол, дар майнаи онҳо апокалипсис кайҳо рух додааст ва онҳо  дар бораи воқеаҳои ҷаҳон  хаёлу бофтаҳои нестандарҷаҳон паҳн менамоянд. Аммо дар асл, он чизе ки мо ҳоло мушоҳида мекунем, ин як зуҳуроти маъмулӣ дар таърихи инсоният аст. (нигаред: «НЕВЕРОЯТНО, НО ФАКТ: ЛЮДИ УМИРАЮТ НЕ ОТ КОРОНАВИРУСА, А ОТ ПНЕВМОНИИ!..», НИАТ «Ховар», 19.05.2020).

Дар Тоҷикистон, аллакай даҳаи дуввуми моҳи июн  метавон    коҳишёбӣ ва  нобудшавии  COVID-19-ро интизор шуд. Ин хулоса аз пешгӯиҳои мутахассисон бармеояд.

Гузашта аз ин, ба ақидаи вирусологҳо, коронавирус нанозарраҳоеро ташкил медиҳад, ки дар дохили он кислотаи   ягона мавҷуд аст ва ин кислота беш аз ҳама ултрабунафшро дӯст намедорад. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро аз ҷиҳати назариявӣ нури офтоб метавонад аз ин вирус наҷот диҳад.

Дуруст аст, ки нури офтоб вирусеро, ки дар бадани инсон аст, намекушад, аммо он вирусҳоеро, ки дар фазои кушод мавҷуданд,  воқеан нобуд мекунад, илова бар ин, ҳавои офтобӣ дар маҷмӯъ ба масунияти бадан (иммунитет)-и инсон таъсири мусбат мерасонад. Дар ин хусус чанде пеш вирусологи рус номзади илмҳои тиб, профессор, академики АИТР  Анатолий Алтштейн ба РИА Новости  изҳори назар  намуд.

Ҳарорати баланд ва намӣ,  инчунин нурҳои бевоситаи офтоб коронавируси навро ҳам дар ҳаво ва ҳам дар қабатҳои болоии ашёи гуногун зуд нобуд мекунанд. Дар ин бора як рӯз қабл иҷрокунандаи вазифаи муовини Вазири амнияти дохилии ИМА оид ба илм ва техника Уилям Брайан, ки дар Кохи сафед натиҷаҳои таҳқиқоти Вазорати амнияти дохилии ИМА-ро муаррифӣ мекард, низ изҳор дошт. «Мушоҳидаҳои ҳайратангези имрӯзаи мо ин аст, ки нури бевоситаи офтоб таъсири қавӣ дорад ва сабаби нобуд гаштани вирус ҳам дар қабати болоӣ  ва ҳам дар ҳаво мегардад. Мо чунин ҳолатро  дар ҷойҳои дорои ҳарорати баланд ва намӣ низ мушоҳида намудем. Зиёдшавии онҳо барои вирус марг аст», зикр намуд Брайан.

Чунин ақидаро вирусологи тоҷик, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов низ ҷонибдорӣ менамояд. Дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» охири моҳи январи соли равон ӯ гуфта буд: «Коронавирусҳо дар ҳарорати 25+30 дараҷа дар муҳити атроф дуру дароз зинда монда наметавонанд. Зеро пардаи берунии ин вирусҳо аз сафеда ва равған иборат буда, дар буғи ҳаво он тез об ва бухор мешавад. Дар ин ҳолат коронавируси навъи COVID-19 метавонад  дар муддати 2-3 соат нобуд шавад».

«Манфиати нури офтоб, хусусан радиатсияи ултрабунафш кайҳо боз, аз ҷумла аз ҷониби Абӯалӣ ибни Сино, собит гардидааст:    таъмини  витамини D, мустаҳкам кардани масунияти бадан ва истеҳсоли ҳормонҳои «хушҳолӣ» — серотонин, ки барои мубориза бо коронавирус муҳиманд. Аммо, тавре мегӯянд, ҳама чиз дар доираи меъёр хуб аст, обутоб додани бадан дар зери офтоб низ дар шароити муътадил фоидабахш аст», -мегӯяд табиб-кардиолог ва номзади илмҳои тиб Мулозуҳур Тоҳирӣ.

Ҳамин тавр, мо кай метавонем  «боридани» сели нурҳои  офтобро интизор шавем? Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, аллакай пас аз чанд ҳафта, нимаи моҳи июн ҳарорати ҳаво баланд хоҳад шуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, моҳи июни соли равон дар  Тоҷикистон гармии  миёнаи ҳаво нисбат ба меъёри иқлимӣ  1-2  дараҷа баланд шуда, ҳарорат то ба 43 дараҷа мерасад.

Нимаи аввали моҳи июн  ҳаво дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона аз 14+19 то 20+25 дараҷа гарм мешавад. Рўзона ҳарорат аз 29+34 то ба 33+38 дараҷа мерасад. Нимаи дуюми моҳ баландшавии ҳарорат дар назар буда,  ҳаво шабона то 20+25 ва  рўзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +43 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешбинӣ шудааст.

Дар аввал ва нимаи моҳ эҳтимоли боридани боронҳои кўтоҳмуддати  шиддаташон гуногун ва ба вуҷуд омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июн аз  меъёри иқлимӣ +1 дараҷа баланд шуда, ҳаво дар водиҳо 25+27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+14 дараҷа мерасад. Нимаи аввали моҳ эҳтимоли тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Нимаи дуюми моҳи июн ҳарорат баланд шуда,  гармии ҳаво дар водиҳо 35+40 дараҷаро ташкил медиҳанд. Инчунин дар вилояти Суғд миқдори моҳонаи бориш дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд  пешгӯӣ шудааст.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ғарби вилоят ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо то +32 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст. Дар нимаи дуюми моҳ эҳтимоли баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, ҳаво  шабона то 13+18 ва рӯзона аз 29+34 то 37 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди  меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр каме баланд пешгӯӣ шудааст.

Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон даҳаи дуввуми моҳи июн метавонад пеши роҳи паҳншавии  коронавирус    гирифта шавад. Ба ақидаи академики АИР, ҷарроҳи машҳури дил Лео Бокерия, дар Россия ин «сироят»-ро охири тобистон — ҳатто пеш аз оғози тирамоҳ мағлуб кардан имконпазир аст.

Дар фарҷом, суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, ки 20 майи соли равон доир  гардид, ёдовар мешавем:

«Бовар дорам, ки шаҳрвандони мамлакат меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.

Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро баъди чанд ҳафта мегирем ва барои ҳамватанонамон фазои мусоиди орому осуда муҳайё намуда, ба корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем».

Май 27, 2020 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ НИЗ НАМУНАИ ИБРАТ МЕБОШАНД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ
Конститутсияи Тоҷикистон дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамаддинро гузошт
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ назаррас аст
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Нақши ин мақомот дар ташаккули волоияти қонун дар ҷомеа муҳим аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст