ДАР ТОҶИКИСТОН ДАҲАИ ДУВВУМИ МОҲИ ИЮН КОРОНАВИРУС МЕТАВОНАД НОБУД ШАВАД. Ин хулоса аз пешгӯиҳои мутахассисон бармеояд

Май 27, 2020 10:52

ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аллакай  даҳаи дуввуми моҳи июн метавонад коҳишёбӣ ва  нобуд  шудани COVID-19 шуруъ шавад. Ин хулоса аз пешгӯиҳои мутахассисон бармеояд, менигоранд таҳлилгарони АМИТ «Ховар».

Вақтҳои охир  бисёре аз фолибинҳои(эзотерикҳои) навбаромад ва  ашхоси воҳимачӣ дар сомонаҳои махсуси сохтаи худ ҳатто дар бораи марги тамаддун суҳбат мекунанд, гӯё коронавирус инсониятро  зеру забар месозад.   Эҳтимол, дар майнаи онҳо апокалипсис кайҳо рух додааст ва онҳо  дар бораи воқеаҳои ҷаҳон  хаёлу бофтаҳои нестандарҷаҳон паҳн менамоянд. Аммо дар асл, он чизе ки мо ҳоло мушоҳида мекунем, ин як зуҳуроти маъмулӣ дар таърихи инсоният аст. (нигаред: «НЕВЕРОЯТНО, НО ФАКТ: ЛЮДИ УМИРАЮТ НЕ ОТ КОРОНАВИРУСА, А ОТ ПНЕВМОНИИ!..», НИАТ «Ховар», 19.05.2020).

Дар Тоҷикистон, аллакай даҳаи дуввуми моҳи июн  метавон    коҳишёбӣ ва  нобудшавии  COVID-19-ро интизор шуд. Ин хулоса аз пешгӯиҳои мутахассисон бармеояд.

Гузашта аз ин, ба ақидаи вирусологҳо, коронавирус нанозарраҳоеро ташкил медиҳад, ки дар дохили он кислотаи   ягона мавҷуд аст ва ин кислота беш аз ҳама ултрабунафшро дӯст намедорад. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро аз ҷиҳати назариявӣ нури офтоб метавонад аз ин вирус наҷот диҳад.

Дуруст аст, ки нури офтоб вирусеро, ки дар бадани инсон аст, намекушад, аммо он вирусҳоеро, ки дар фазои кушод мавҷуданд,  воқеан нобуд мекунад, илова бар ин, ҳавои офтобӣ дар маҷмӯъ ба масунияти бадан (иммунитет)-и инсон таъсири мусбат мерасонад. Дар ин хусус чанде пеш вирусологи рус номзади илмҳои тиб, профессор, академики АИТР  Анатолий Алтштейн ба РИА Новости  изҳори назар  намуд.

Ҳарорати баланд ва намӣ,  инчунин нурҳои бевоситаи офтоб коронавируси навро ҳам дар ҳаво ва ҳам дар қабатҳои болоии ашёи гуногун зуд нобуд мекунанд. Дар ин бора як рӯз қабл иҷрокунандаи вазифаи муовини Вазири амнияти дохилии ИМА оид ба илм ва техника Уилям Брайан, ки дар Кохи сафед натиҷаҳои таҳқиқоти Вазорати амнияти дохилии ИМА-ро муаррифӣ мекард, низ изҳор дошт. «Мушоҳидаҳои ҳайратангези имрӯзаи мо ин аст, ки нури бевоситаи офтоб таъсири қавӣ дорад ва сабаби нобуд гаштани вирус ҳам дар қабати болоӣ  ва ҳам дар ҳаво мегардад. Мо чунин ҳолатро  дар ҷойҳои дорои ҳарорати баланд ва намӣ низ мушоҳида намудем. Зиёдшавии онҳо барои вирус марг аст», зикр намуд Брайан.

Чунин ақидаро вирусологи тоҷик, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов низ ҷонибдорӣ менамояд. Дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» охири моҳи январи соли равон ӯ гуфта буд: «Коронавирусҳо дар ҳарорати 25+30 дараҷа дар муҳити атроф дуру дароз зинда монда наметавонанд. Зеро пардаи берунии ин вирусҳо аз сафеда ва равған иборат буда, дар буғи ҳаво он тез об ва бухор мешавад. Дар ин ҳолат коронавируси навъи COVID-19 метавонад  дар муддати 2-3 соат нобуд шавад».

«Манфиати нури офтоб, хусусан радиатсияи ултрабунафш кайҳо боз, аз ҷумла аз ҷониби Абӯалӣ ибни Сино, собит гардидааст:    таъмини  витамини D, мустаҳкам кардани масунияти бадан ва истеҳсоли ҳормонҳои «хушҳолӣ» — серотонин, ки барои мубориза бо коронавирус муҳиманд. Аммо, тавре мегӯянд, ҳама чиз дар доираи меъёр хуб аст, обутоб додани бадан дар зери офтоб низ дар шароити муътадил фоидабахш аст», -мегӯяд табиб-кардиолог ва номзади илмҳои тиб Мулозуҳур Тоҳирӣ.

Ҳамин тавр, мо кай метавонем  «боридани» сели нурҳои  офтобро интизор шавем? Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, аллакай пас аз чанд ҳафта, нимаи моҳи июн ҳарорати ҳаво баланд хоҳад шуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, моҳи июни соли равон дар  Тоҷикистон гармии  миёнаи ҳаво нисбат ба меъёри иқлимӣ  1-2  дараҷа баланд шуда, ҳарорат то ба 43 дараҷа мерасад.

Нимаи аввали моҳи июн  ҳаво дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона аз 14+19 то 20+25 дараҷа гарм мешавад. Рўзона ҳарорат аз 29+34 то ба 33+38 дараҷа мерасад. Нимаи дуюми моҳ баландшавии ҳарорат дар назар буда,  ҳаво шабона то 20+25 ва  рўзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +43 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешбинӣ шудааст.

Дар аввал ва нимаи моҳ эҳтимоли боридани боронҳои кўтоҳмуддати  шиддаташон гуногун ва ба вуҷуд омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июн аз  меъёри иқлимӣ +1 дараҷа баланд шуда, ҳаво дар водиҳо 25+27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+14 дараҷа мерасад. Нимаи аввали моҳ эҳтимоли тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Нимаи дуюми моҳи июн ҳарорат баланд шуда,  гармии ҳаво дар водиҳо 35+40 дараҷаро ташкил медиҳанд. Инчунин дар вилояти Суғд миқдори моҳонаи бориш дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд  пешгӯӣ шудааст.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ғарби вилоят ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо то +32 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст. Дар нимаи дуюми моҳ эҳтимоли баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, ҳаво  шабона то 13+18 ва рӯзона аз 29+34 то 37 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди  меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр каме баланд пешгӯӣ шудааст.

Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон даҳаи дуввуми моҳи июн метавонад пеши роҳи паҳншавии  коронавирус    гирифта шавад. Ба ақидаи академики АИР, ҷарроҳи машҳури дил Лео Бокерия, дар Россия ин «сироят»-ро охири тобистон — ҳатто пеш аз оғози тирамоҳ мағлуб кардан имконпазир аст.

Дар фарҷом, суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, ки 20 майи соли равон доир  гардид, ёдовар мешавем:

«Бовар дорам, ки шаҳрвандони мамлакат меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.

Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро баъди чанд ҳафта мегирем ва барои ҳамватанонамон фазои мусоиди орому осуда муҳайё намуда, ба корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем».

Май 27, 2020 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб меравад»
COVID-19. Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор нафар шуд
Президенти Тоҷикистон: «Ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст»
COVID-19. Дар Тоҷикистон 76%-и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтанд
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ СУЛҲОФАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ОН. Мулоҳизаҳои ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва одамони касбу кори гуногун дар суҳбати баргузидаи АМИТ «Ховар» доир ба ин мавзӯъ
Президенти Тоҷикистон: «Шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёраро таҳти хатари ҷиддӣ қарор дод»
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 5799 нафар расид
COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон беш аз 194 ҳазор нафар зиёд шуда, тақрибан ба 10 миллион расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд»
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРИ МИЛЛАТ. Андешаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
«ВАҲДАТИ ХАЛҚИ ҶАҲОНРО ГУМ МАКУН». Мулоҳизаҳои раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Файзулло БАРОТЗОДА