ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Муъминобод дарахтони нодиру сояафкан шинонда шуданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ -фароғатии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон миқдори зиёди дарахтони нодиру сояафкан шинонида шуданд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки моҳи сентябр зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод барои бунёди боғи мазкур санги асос гузошта шуд. Масоҳати боғ 7 гектарро ташкил намуда, бо иншооти фарҳангӣ — фароғатӣ дар маркази ноҳияи Муъминобод бунёд гардида истодааст.
Боғи мазкур то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, дар он бунёди воситаҳои дилхушӣ барои кӯдакон, амфитеатр, майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






