ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДИҲЕМ! Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба мардуми мамлакат дар робита ба пешгирӣ аз коронавируси COVID–19
ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз моро мебояд ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар атрофи бемории коронавируси намуди нави COVID–19 бовар накарда, ба тарсу воҳима дода нашавем, зеро воҳима ва таҳлукаю изтироб пайомадҳои манфии рӯҳию равонӣ дошта, сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегарданд. Имрӯз хоинони миллат берун аз Ватан овозаҳои зиёди бардурӯғ паҳн менамоянд, ки мақсади онҳо на ғамхорӣ ба миллат, балки халал расондан ба кори давлат, воҳимаафканӣ ва ноором намудани авзои ҷомеа мебошад.
Чунин омадааст дар Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат дар робита ба пешгирӣ аз коронавируси COVID–19, ки ба АМИТ «Ховар» расидааст.
Дар идомаи он гуфта шудааст:
Ҳамватанони азиз!
Дар ин рӯзҳои ҳассосу душвор ҳар як фарди солимақлу боинсоф бояд ба ҷои иллатҷӯию суханҳои зишт нисбат ба Ватан ва ҳамватанони худ пайи ислоҳи нуқсонҳои ҷомеа бошад, барои фароҳам овардани фазои мусоид ва зиндагии шоиста, солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии беморӣ саҳми арзанда гузорад.
Халқи тоҷик табиатан соҳиби хиради азалӣ ва фарҳанги ҷаҳонгир буда, дар тӯли таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида, фитрати азалии худро, ки бо сабру субот устувор аст, аз даст надода, дар баробари ҳама гуна маҳрумиятҳо мондагору пирӯз ва устувору побарҷо мондааст.
Мо имрӯз танҳо бо устуворию матонат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи роҳбарияти мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем ба ин беморӣ пирӯз гардем.
Бо арзи эҳтироми самимӣ аз шумо ҳамватанони азиз – мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар раванди мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ даст ба дасти ҳам ниҳода, ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ ва пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат мусоидат намоед. Тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоем.
Аз ин нуқтаи назар, чӣ қадаре масофаи байни одамон зиёд бошад, ҳамон қадар хатари мубтало гардидан ба вируси сироятии COVID–19 кам мегардад. Бо маҳдуд кардани робитаҳои иҷтимоӣ мо метавонем захираҳои муассисаҳои тиббиро барои беморони вазнини сироятёфта сарфа намоем.
Бояд мутмаин бошем, ки Худованд бо мост ва Пешвои муаззаму дардошнои мо чораҳои вогиру заруриро ҷиҳати пирӯзӣ ба ин вабои аср меандешанд ва дуогӯи сиҳатмандии ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон мебошанд.
Аҳли фарҳанги мамлакат дар ин рӯзҳои ҳассос кӯшиш менамоянд, ки баҳри бартараф намудани ин вабои аср саҳм гузоранд.
Итминони комил дорем, ки ин рӯзҳои ҳассосу душворро бо сабру таҳаммул, якдиливу муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва дастгириву кумаки якдигар паси сар карда, давлати азизамонро аз ин вабо раҳоӣ мебахшем.








«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад






