ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… Мардуми бо илму адаб решапайванди тоҷик ҳатто дар солҳои 1941-1945 аз омӯзишу хониш дур намондаанд
ДУШАНБЕ, 09.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи панҷ соли Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ 646 ҳазору 302 нафар ташриф оварда, 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд. Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.
Танҳо овардани ин омори хизматрасонии Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон кофист, ки бидонем сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он ҳатто дар мудҳиштарин солҳо низ даст аз хондан ва мутолиа набардоштаанд.
Аз ин омор ба хулоса омад, ки сарфи назар аз айёми тираи ҷанг ва рӯзгори нобасомони мамлакат мардуми ба адабу илм решапайванд доштаи тоҷик ҳамзамон бо фидокориҳо дар ҷабҳаи ҷангу ақибгоҳ аз омӯзишу хониш дур намондааст, ки боиси ифтихор аст. Инро дар мисоли фаъолияти китобхонаҳои он замони ҷумҳурӣ равшан дидан мумкин аст. Омори хизматрасонии солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон чунин аст:
| Сол | Омадурафт | Диҳишикитоб | АБК |
| 1941 | 161.661 | 265.284 | 9.489 |
| 1942 | 170.462 | 4311 | 18.572 |
| 1943 | 172.910 | 310.888 | 19.323 |
| 1944 | 141.269 | 291.057 | 19.993 |
Инчунин дар солҳои ҷанг хонандагон 18 ҳазору 877 маълумоти хаттию шифоҳии библиографӣ дарёфт кардаанд.
Ҳоло дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳҳо номгӯй китобҳо ва ҳазорон мақолаву гузоришотро метавон пайдо кард, ки аз ҳаёти қаҳрамонони ҷанг қисса мекунанд, ривоятгари он рӯзу моҳу солҳои мудҳишанд. Ҳарчанд имрӯз аз анҷоми музаффаронаи ин ҷанг 75 сол мегузарад, вале ёдҳо ҳамоно ҷавонанд, аз он солҳо хотироте зиёде ба имрӯзиён боқӣ мондаанд.

ДАР АКСҲО: Шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ низ аз китобу таълим ва илму маърифат дур набуд.
Аз қадимулайём шиносномаи миллати тоҷик меваи илму адабиёт – китоб буд. Хушбахтона, дар тӯли асрҳо, ҳатто дар замони ҷангҳои харобиовар ва ҳамлаи душманони фарҳангсӯз фарзандони боистеъдод ва баору нангамон хомаро аз даст нагузоштанд ва шоҳкориҳо ба ёдгор монданд.
Дар шароите, ки ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро пандемияи коронавирус фаро гирифтааст ва барои инсоният дар хона шиштану аз ҷойҳои серодам канора гирифтан тавсия шудааст, мутолиаи китоб беҳтарин васила аст. Зеро китоб-арзандатарин дурри ноёб, калиди асрори илму хирад, оромкунандаи рӯҳу ҷон, ҳамсуҳбати беминнат ва ҳамнишини бовафо аст.
Бузургон мегӯянд, ки барои хонандаи ҳақиқӣ шудан ягон воқеаи муҳим: бевафоии ёр, ғам, ҳаводиси ҷиддии олам боис мешавад. Дар чунин ҳолатҳо як тоифа одамон ба китоб рӯ меоранд. Китобҳо ҳам ба мисли ёри бовафо, ҳамсуҳбати беранҷ ба ёрии онҳо мешитобанд. Рафта-рафта лаззати китоб барои онҳо ба мисли худи ҳаёт ширин шуда, онҳоро шадидан ба оғӯш мегирад. Он вақт кас ҳамроҳ бо китоб саёҳат мекунад. Ин сайёҳат бо тамоми кайфияташ моро ба айёмҳо мебарад. Ва мо як муддате ҳаёти хешро ба фаромушӣ дода, бо симоҳои нексиришти мардумони ҷаҳон шинос мешавем. Гоҳ дар шимол, гоҳ дар ҷануб ва гоҳе орому гоҳе ба ҳаяҷон ҳамсуҳбати онҳо мешавем. Мо бо ҳусният, бо табассум дӯстдори онҳое хоҳем шуд, ки аз паси кори нек, барои ишқи пок, барои ҷавонмардӣ сӯйи орзуҳои хеш меравем. Ин аст рисолати китоби хуб ва хонандаи ҳақиқӣ.
Дар замони муосир, бо пешрафти илму техника ва бо пахши як тугмача аз тариқи шабакаҳои интернетӣ мо аз китобхонаҳои электронӣ беҳтарин адабиёти ватанӣ ва хориҷиро метавонем дастрас кунем. Он асарҳое, ки барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» тавсияшудаанд, метавонанд дар ин шабу рӯз барои тамоми қишри ҷомеа беҳтарин роҳнамо барои мутолиагарданд.Китоб ганҷина аст ва китобхон касест, ки ҳамин ганҷинаро мебардорад. Тавассути мутолиаи китоб инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард, беморӣ, парешонӣ ва ғайраҳо озод мегардад.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»









Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад






