Гулрў Ҷабборзода бо роҳбарони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Россия онлайн-машварат доир намуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 май аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода бо роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тариқи алоқаи интернетии скайп машварати корӣ анҷом дода шуд.
Тавре аз вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни машварати корӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар давраи пандемия, ҳалли саривақтии муроҷиат ва мушкилоти онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон барои мусоидат ва кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат барои бо кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои Федератсияи Россия, инчунин тақвияти корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик дар ин давлат мунтазам кор бурда истодаанд.
Вобаста ба ин роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволжйе, Сибир, Ҷануб ва Шимолу Ғарби Федератсияи Россия, шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия ва корҳои анҷомдодаи Намояндагӣ дар манотиқи гуногуни кишвари қабулкунанда гузориши муфассал манзур намуданд.
Дар интиҳои машварати корӣ Вазир бо назардошти таҳлилу баррасии вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба кормандони Намояндагӣ супоришҳои мушаххас дод.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






