Хатлон: 101 тонна олу ба хориҷи мамлакат содирот гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ Ховар/. 27 май аз вилояти Хатлон ба Федератсияи Россия боз 50 тонна олу содирот карда шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои борбар ба шаҳри Санкт-Петербург равон намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Як рӯз пеш боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 51 тонна меваҷот содир карда буданд.
То имрӯз асосан аз навоҳии Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат ҷамъан 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст. Мавсими содироти меваҷот, тавре ки мутахассисон таъкид мекунанд, нав шурӯъ шудааст.
Имсол тибқи дурнамо, аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба давлатҳои хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот мешавад.
То 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна маҳсулот бештар аст.
Маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Россия ва Қирғизистон равона гардидаанд.










Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






