Хатлон: Дар арафаи Иди Ғалаба 2500 сомонӣ мукофотпулӣ ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ тақдим гардид

Май 8, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ҷиҳати расонидани кумаки молиявии яквақтаина ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 145 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид. Мукофоти молиявӣ ба андозаи 2500 сомонӣ ба ҳар як нафар зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон бо тантана тақдим карда шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон то имрӯз шумораи иштирокчиёни ҶБВ 24 нафар ва маъбони ҶБВ 33 нафарро дарбар мегирад. Дар арафаи Иди Ғалаба аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо низ ба ҳамаи онҳо кӯмакҳои яквақтаина расонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз вилояти Хатлон ба ҳар як нафар ба  маблағи 6 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина ҷудо шудааст, ки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро зимни аёдат аз номи Сарвари давлат ба соҳибонашон супориданд.

Май 8, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд