Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо гурӯҳи табибони чинӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дирӯз ба Тоҷикистон омаданд, вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорат.
Ҷамолиддин Абдуллозода ташрифи мутахассисони соҳаи тибби Чин ва кумакҳои аз ҷониби ин кишвар ба Тоҷикистон воридшударо самараи ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат арзёбӣ намуд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф ва мақсад аз ташрифи мутахассисони варзидаи соҳаи тибби Чин ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад.
Мутахассисони соҳаи тибби Чин барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннадторӣ баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 май бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тандурустии Чин — асосан табибон дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба пойтахти Тоҷикистон омаданд.
Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 аз Чин ба пойтахти мамлакат ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.
Ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ — 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони Ҳамкории Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти болозикр зиёда аз 3000 реагенти кислотаи нуклеин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






