«ИНАШРО ҲАМ ПАСИ САР МЕКУНЕМ!». Чунин мегӯяд Раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар мавриди COVID-19

Май 1, 2020 18:56

ДУШАНБЕ, 01.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд муддаст аст, ки саросари ҷаҳонро таҳдиди нав, яъне бемории сироятии коронавируси навъи нави COVID-19 фаро гирифтааст, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон ва аҳолии саёраро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардонидааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ аз олудашавӣ бо ин вабои аср эмин набуда, соҳаи тандурустии ҳамаи кишварҳо бо он дастбагиребонанд. Аммо дида истодаем, ки дар натиҷаи муборизаи салоҳиятноки илман асоснок афзоиши ин беморӣ дар бархе кишварҳо тамоюли пастшавиро касб карда, дар бархе кишварҳо муждаи пурра баркандани решаи ин вабо аллакай расида истодааст. Чунин мужда аз «зодгоҳ»-и ин вирус шаҳри Ухани Чин ҳам расид», — гуфт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитстон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Бахтовар САФАРЗОДА.  

Таваҷҷуҳ намоед ба идомаи суханони ӯ:

Ахиран ҷумҳурии азизи мо низ пас аз истодагарии тамом ва андешидани чораҳои пурзури пешгирӣ, мутаасифона бо ин вабо рӯ ба рӯ шуд. Бояд гуфт, ки дар пасманзаре, ки тамоми кишварҳо дар гирудори паҳншавӣ бо ин беморӣ азият мекашанд, сироятшавии аҳолии мо низ амри табиӣ ба ҳисоб меравад. Чунки рафтуомади бениҳоят зиёд миёни аҳолии мову бародаркишварҳо ҷой дорад, ки бешак эҳтимолияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Коронавирус дар чунин шароит ҷой дорад.

Таҷрибаи давлатҳои алоҳида нишон медиҳад, ки бо ин вирус муборизаи илман асоснок бурдан мумкин аст ва имрӯзҳо аллакай олимони соҳаи биология ва тиб таъкид бар он доранд, ки Коронавирус ба он ҳадде, ки муаррифиаш мекунанд, кушанда нест.

Барои пешгирӣ аз ин вирус Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро карда истодааст. Умед ва боварии комил дорем, ки дар муддатҳои наздиктарин ин вабо паси сар мешавад.

Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима накунем. Таърих гувоҳ аст, ки вазниниҳои аз ин гаронро мардуми шарифи  тоҷик  бо сари баланд паси сар кардааст. Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир дар роҳи беҳдоштӣ мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии миллатро ҳамчун боигарии давлат Пешвои муҳтарами миллат дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд,  нест кардани ин вирус аз сарзамини биҳиштии мо фақат чанд кори оддиро аз ҳар яки мо талаб мекунад. Чанд кору амали оддӣ, аммо бениҳот муҳим. Ин риоя кардани тавсияҳои мутахассисон, яъне духтурони мо мебошад.

Агар мехоҳед ба ин «фариштаҳои сафедпӯш»-и ҳомии ҷону тани мо, ки  шабонарӯзӣ дар сафи аввали мубориза қарор доранд, кумак кунед, худ ва хонаводаи худро дар шароити тозагиву озодагӣ нигоҳ доред. Душмани асосии Коронавирус ин тозагӣ аст. Тозагие, ки дар вуҷуди мо, рагу шарёни мо, табиати мардуми тоҷик ҳаст. Ҳамзамон муваққатан даст кашидан аз чанд одате, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. Боз замони самимона дастфишорӣ кардан, бӯсу канори ёру наздикон, оғӯшгирӣ, чойнӯшии якҷоя, нишастҳову чақ-чақи тоҷикона мерасад. Аммо ҳозир худдорӣ намоем.

Дар баробари ин барои баланд кардани масунияти худ ва хонавода аз меваю сабзавоти худии тару тоза, ки саросар витамину нерӯ мебошанд, истифода барем.

Бар замми ин, бояд таъкид намоем, ки наҳс худаш танҳо намеояд. Дар шароите, ки доду гирифт миёни кишварҳо ба ҳадди минималӣ расидааст, мо бояд аз пештара бештар дар фикри таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани худамон шавем. Барои ин мавсими мусоиди кишту кори баҳорӣ, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва умуман ба таъбири Пешвои муҳтарами миллат, ки ибораи мардумӣ шудааст «ҳар як ваҷаби замин»-ро самаранок истифода барем.

Май 1, 2020 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон