Кормандони милитсияи вилояти Суғд барои мубориза бо коронавирус тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамоянд

Май 5, 2020 08:23

ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд  Ситоди доимоамалкунандаи муқовимат бо коронавирус таъсис дода шуд, ки бо мусоидати он ҳамарӯза чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Бо мақсади халалдор накардани реҷаи корӣ ва истироҳати аҳолӣ коргузорӣ дар ин самт шабона гузаронида мешавад.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд  баҳри  аз бемории паҳншудаи коронавирус эмин нигоҳ доштани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, онҳо дар ҳудуди боғҳои истироҳатӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозор ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон чораҳои зиддиэпидемикӣ ташкилу баргузор намуда  истодаанд. Чунончӣ ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи К.Хуҷандӣ, кӯчаҳои

Исмоили Сомонӣ ва Гагарин, роҳраву гулгаштҳои гирду атрофи бозорҳои Шарқ ва «Панҷшанбе»-и маркази маъмурии вилоят бо истифода аз воситаҳои нақлиётии махсуси дорои дастгоҳи фишордиҳандаи об тоза карда шуда, роҳраву мавзеъҳои истироҳатӣ бо маҳлули гипрохлориди натрий безарар гардонида  шуданд.

Ҳамин гуна тадбирҳои зиддивирусӣ дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон, Боғи Парчами давлатӣ ва гулгашти шаҳри Гулистон роҳандозӣ гардида, мавзеъҳои истироҳатӣ ба пуррагӣ тамиз ва безарар гардонида шуданд. Пайваста безарар гардонидани  ҳудуди биноҳои маъмурии хизматӣ, санҷиши ҳарорати кормандон дар оғоз ва давоми рӯзи корӣ, таъминот бо  ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва дигар лавозимоти муҳофизатӣ аз гунаи чораандешиҳоест, ки имрӯзҳо дар тамоми зерсохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалӣ  мегарданд.

Май 5, 2020 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд