КУМАКИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БАДАХШОН. Дирӯз корвони мошинҳои боркаши калонҳаҷм вориди шаҳри Хоруғ шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз кумаки навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корвони мошинҳои боркаши калонҳаҷм вориди маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Кумаки мазкур барои беморон ва табибони вилоят буда, аз доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ, ниқоб, маҳлулҳои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ иборат мебошад.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба масъулини Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супориш дод, ки аз кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода баранд ва ба ноҳияҳои вилоят низ кумаки Роҳбарияти Олии мамлакатро расонанд, то ҳамаи табибони вилоят аз он бархӯрдор гарданд.











ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






