Кумаки Пешвои миллат ба табибону беморони шаҳри Конибодом низ расид
ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар идомаи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории коронавируси намуди нави COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 6 мошини пурбор кумаки моддии аз пойтахти мамлакат расида дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом низ ворид гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд.
Кумакҳо, ки аз маводи хӯрокворӣ ва доруворӣ иборат мебошанд, ба табибони мушфиқ, ки имрӯз ҷоннисорӣ намуда, шабонарӯзӣ барои ҷилавгирӣ намудан аз бемории илтиҳоби шуш ва вируси марговари корона заҳмат мекашанд, инчунин ба ҳамаи шахсони мубталои ин беморӣ эҳдо мегарданд.
Маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои мавриди ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.
Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои шаҳру деҳот сарулибоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбоби муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешаванд.
Кумаки зикршуда табибон ва тамоми беморонро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмӯъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






