Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар қаламрави вилоят дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бунёду навсозии беш аз 7500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 3901 иншоот корҳои сохтмонию навсозӣ аллакай анҷом ёфтааст, ки 52 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии иншооти сохташуда ва навсозӣ гардида, 3210 иншоот ё 82 фоизи он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Аз ин ҳисоб дар вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2018-2019 ва се моҳи соли 2020 4742 ҷойи кори доимӣ ва 11 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил карда шудааст. Ба таъкиди раиси вилоят аз шумораи умумии иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмону навсозияшон ба нақша гирифташуда, аз ҷумла 603 иншооти соҳаи маориф, 941 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 210 иншооти фарҳангӣ ва 590 иншооти варзишию солимгардонӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар муҳимияти таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтиро таъкид намуда, ба роҳбарияти вилоят ва расиони шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати тақвияти тадбирҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ин санаи таърихӣ, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва афзун намудани шумораи ҷойҳои нави корӣ, назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонию навсозӣ ва рушди инфрасохтори маҳал, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Сипас дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ҳисобот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси навбатӣ ва бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои мавҷуда дар ин самт ба ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморону сироятёфтагон, таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба миқдори зарурӣ, дастгирию кумаки пайвастаи кормандони соҳаи тандурустӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба вусъати тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самраноки заминҳои наздиҳавлигию ҳоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили меваю сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.









Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд






