Машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии СҲШ бори аввал дар шакли видеоконфронс баргузор шуд

Май 14, 2020 09:13

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни машварат вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазифаҳои авлавиятноки СҲШ оид ба мубориза бо ҳамагирии бемории сироятии коронавирус мубодилаи муфассали афкор намуда, абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани пайомадҳои таъсири манфӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои «оилаи СҲШ»-ро муҳокима карданд.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъсири манфии ҳамагирии ҷаҳониро ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон зикр карда, масъалаи коҳиш додани талафоти даромади буҷети ҷумҳуриявиро матраҳ намуд.

С. Муҳриддин ҳамчунин ба ҳамтоёни худ дар бораи дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамагирӣ, пеш аз ҳама зарурати таъмини имкониятҳои транзитию коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, инчунин таъминоти таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ маълумот дод.

Дар суханронии С. Муҳриддин ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин росто Вазир чолишҳо ва таҳдидҳои аз Афғонистон барояндаро матраҳ карда, зарурати таҳкими бештари сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро таъкид намуд.

Зимни  машварат вазирон нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалиро баррасӣ карда, дар бораи аҳамияти дар сатҳи шоиста таҷлил намудани Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва 75–умин солгарди таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карданд.

Роҳбарони ҳайатҳо инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар чорабиниҳоро дар чаҳорчӯби раёсати Федератсияи Россия дар СҲШ баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи машварат Изҳороти вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар робита ба паҳншавии коронавирус (COVID-19) қабул гардид.

Акс аз ВКХ ҶТ

Май 14, 2020 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад