Мудири бемористони «Ибни Сино»: КОВИД-19 аз Тоҷикистон зуд меравад
ДУШАНБЕ, 01.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии сироят ва паҳншавии коронавирус расман эълом дошт, ки дар ҷумҳурӣ 15 нафар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудааст. Вазорат ба сокинони мамлакат тавсия додааст, ки барои эмин мондан аз вирус ниқоб пӯшанд ва дигар қоидаҳои санитарии шахсиро риоя намяонд. Дар навбати худ, табибон мегӯянд, аз эълон дар бораи сирояти вирус мардум набояд ба воҳима дода шаванд.
Мудири Бемористони байналмилалии «Ибни Сино» Абдухалил Холиқзода (ДАР АКС) 30 апрел дар суҳбат бо хабарнигори Радиои «Озодӣ» изҳор доштааст, ки КОВИД-19 беморие нест, ки ҳама аз он бимирад ва аксари мардум онро мисли зукоми маъмулӣ пушти сар мекунанд. Холиқзода, ки 11 сол боз мудири ин бемористони хусусӣ аст, гуфтааст, ки мардум бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ метавонанд давоми ду-се моҳ аз коронавирус халос шаванд.
«Аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд ва ин касал низ сартосар кушанда нест», — иброз додштааст ӯ.
Бо эълон шудани хабари расмии мавҷудияти коронавирус бархеҳо мепурсанд, ки Тоҷикистон ин буҳронро чигуна паси сар мекунад? Оё ҳукумат карантин эълон мекунад ё не?
Абдухалил Холиқзода мегӯяд, агар мардум қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, ба воҳима дода нашаванд, Тоҷикистон ин бемориро давоми ду-се моҳ паси сар мекунад. Ба таъкиди Холиқзода, «ҳадди аксар ин беморӣ ду-се моҳ давом мекунад ва ду-се моҳ пас ҳама чиз ба ҳолати маъмулӣ бармегардад. Ин беморӣ дурудароз ҳам давом намекунад. Испониёву Итолиё дар як-якуним моҳ ин бемориро гузаштанд, ҷойи воҳима надорад».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






