Мулоқоти видеоии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ

Май 23, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 23.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Агентии федералӣ оид ба сайёҳии Федератсияи Россия ва Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии роҳбарони маъмуриятҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ дар сиғаи видео-конфронс доир гардид.

Тавре аз Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори он муовини якуми раиси Кумитаи мазкур Ҳабибулло Амирбекзода ширкат варзид.

Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба масъалаи сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо перомуни паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 табодули таҷриба намуда, омодагии худро ҷиҳати мусоидати якдигар изҳор намуданд.

Ҷонибҳо инчунин Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021-2022-ро тасдиқ намуда, бо шарафмандӣ аз рушди соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамчунин тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.

Май 23, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад