ОВОЗАҲОИ БЕАСОС. Роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ боз аст

Май 28, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ Ховар/. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд,  тайи    рӯзҳои охир  дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо оид ба баста шудани роҳи Душанбе — Хоруғ паҳн гардидаанд. Аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надошта, айни замон  роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст.

«Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нави COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтуомади сокинон  байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба муддати 10 рӯз маҳдуд мегардад. Рафту омад байни маркази вилоят ва шаҳри Душанбе маҳдуд нагардидааст, вале аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бе зарурат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд»,- афзуд манбаъ.

Май 28, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд