ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 50 фоиз маоши худро ба суратҳисоби мубориза бар зидди коронавирус интиқол медиҳанд
ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он тасмим гирифтаанд, ки 50 фоиз маоши худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди коронавирус таҳвил диҳанд. Ин иқдом имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди дохилиидоравии ин ниҳод якдилона пазируфта шуд.
Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маблағи умумии мазкур 30 ҳазору 183 сомониро ташкил намуда, иқдоми мазкур дар пайравӣ ба ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо каронавирус ба суратҳисоби махсуси таъсисёфта гузарониданд. Баъдтар дар пайравӣ аз ин иқдоми Сарвари давлат роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат ва раисони шаҳру ноҳияҳо низ қисми маоши худро ба суратҳисоби зикршуда интиқол доданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






