ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Хадамоти иҷро ба 140 корманди Беморхонаи №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе 7 тонна орд кумак намуд

Май 7, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  6 май аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти иҷрои назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии   Тоҷикистон ба 140 табиб ва ҳамшираҳои шафқати Муассисаи давлатии «Маркази тиббии  шаҳрии №1  ба номи Карим Ахмедов»-и шаҳри Душанбе 7 тонна орд  (140 линча) кумак расонида шуд. Дар ин бора аз  Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. «Хадамоти иҷро  вобаста ба имкониятҳо  минбаъд низ ин иқдомро идома хоҳад  дод.

«Роҳбарияти Хадамот иброз доштанд, ки дар чунин лаҳзаҳои барои мардуми Тоҷикистон душвор онҳо дар канор буда наметавонанд ва бо тамоми ҳастӣ талош меварзанд, ки дар паҳлӯи миллату давлати худ бошанд. Кумаки мазкур рамзи ҳаммаром будан бо мардуми Тоҷикистон дар чунин шароити барои ҳамагон мушкилро дорад»,-афзуд манбаъ.

Инчунин баҳри саҳмгузорӣ дар   роҳи   мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 сардори  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода музди меҳнати якмоҳаи худ  ва ҳайати кормандони он як қисми моҳонаашонро  ҳамчун кумак ба фонди мазкур мегузаронанд. Иқдоми мазкур дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Ҳамзамон  роҳбарияти Хадамоти иҷро иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллатро роҳандозӣ намуда, дар моҳи шарифи Рамазон кормандони Хадамот ва ҳайати  хизматрасони  онро  бо  маводи  хӯрока, аз қабили 2 тоннаю 100 кг орд,  210 литр равған, 210 кг биринҷ ва 210 кг шакар таъмин  намуданд.

Дар робита  ба пешгирӣ аз  паҳншавии   бемории  сироятии «Ковид-19» кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 2-5 майи соли 2020 миёни сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба андешидани тадбирҳои қатъии беҳдоштӣ  гузарониданд.

 

Май 7, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон