РӮШОН: ҳамдеҳагон аз таҷрибаи Ҳандам Давлатмаҳмадов дар ташкили гармхонаҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд
ХОРУҒ, 06.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшон сол аз сол теъдоди гармхонаҳои наздиҳавлигӣ зиёд мешаванд. Аз ҷумла, сокини ноҳия Ҳандам Давлатмаҳмадов дар заминҳои наздиҳавлигияш гармхона ташкил карда, аз ин ҳисоб даромади хонаводаашро таъмин месозад. Гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файзи МИРАСАН дар ин бора.
Номбурда масоҳати майдони гармхонаҳоро то ба 1 ҳазору 16 мураббаъ расонда, бозори маркази ноҳияро бо кабудӣ ва бодирингу помидор таъмин менамояд. Ҳ.Давлатмаҳмадов аз чор гармхонаи наздиҳавлигиаш то ба имрӯз 150 килограм бодиринг ба бозори ноҳияи Рӯшон ба фурӯш баровардааст. Соли гузашта аз гармхонаҳои худ зиёда аз 3 тонна сабзавотро ба фурӯш бароварда, баҳори имсол аз ҳисоби фоидаи бадастовардааш масоҳати гармхонаҳоро васеъ намуд. Айни ҳол дохили гармхонаҳои Ҳандам Давлатмаҳмадов аз кучати помидору бодиринг пур буда, аз охири моҳи май ба ҷамъоварии помидор шурӯъ менамояд.
Ҳандам Давлатмаҳмадов ҳамзамон барои ташкили гармхонаҳо ба ҳамдеҳагонашон тавсияву маслиҳатҳои муфид медиҳад. Зеро ба гуфтаи ин деҳқони асил, ташкили гармхонаҳо дар шароити камзамини Бадахшон ба манфиати деҳқононон буда, аз заминҳои дохили гармхона метавон ду ва ё зиёда ҳосил гирифта, хароҷоти хонаводагиро пурра таъмин намуд. Ба ғайр аз ин, аз ҳисоби афзоиши гармхонаҳо имкони ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти дохилӣ пурра вуҷуд дорад.
Дар ноҳияи мазкур 1 ҳазору 601 гектар замин дар ихтиёри деҳқонон қарор дошта, аз ин 333 гектар боғ, 2 ҳазору 686 гектар чарогоҳ мебошад. Имсол кишоварзон дар 154 гектар замин ғалладона, 36 гектар картошка, 8 гектар сабзавот кишт мекунанд. Дар майдони 81 гектар ғаллаи тирамоҳӣ кишт шуда, нашъунамои хуб дорад.










Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






