Шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ дар Рӯшон ҷинояткори хавфнокро дастгир намуд

Май 22, 2020 12:54

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2020, соати 09:30 дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ амалиёти махсус барои дастгир кардани ҷинояткори хавфнок Шароф Қобилов, соли таваллудаш 1976, зода ва истикоматкунандаи деҳаи Барӯшони ноҳияи  Рӯшон гузаронид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуотии Раёсати КДАМ дар ВМБК.

Ҳангоми амалиёт Ш.Қобилов бо корд ҳуҷум карда,  сардори шӯъбаи ноҳиявӣ Чуянов Самариддинро  захмӣ гардонд. Новобаста аз ин роҳбари шӯъбаи амниятии ноҳия тавонист амалиётро роҳбарӣ ва қочоқчии ашаддӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дастгир намояд.

Бояд тазаккур дод, ки Шароф Қобилов, ташкилкунанда ва иштирокчии асосии далели қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, рӯзи 1 майи соли равон дар мавзеи сарҳадии Барӯшони ноҳияи Рӯшон мебошад, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти дастгиркунӣ тавониста буд аз ҷои ҳодиса фирор кунад. Дар таърихи зикргардида микдори  махсусан калони маводи мухаддир мусодира ва ду ҳаммаслаки Ш. Қобилов ҳангоми содир намудани ҷиноят дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Сардори шуъбаи РКДАМ дар ноҳияи Рӯшон дар беморхона бистарӣ гардид. Вазъи саломатиаш қаноатбахш арзёбӣ мегардад.

Раёсати КДАМ дар Вилояти Куҳистони Бадахшон бо қотеият изҳор медорад, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақа муборизаро ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, махсусан қочоқбарони маводи мухаддир, силоҳ ва муҳимот боз ҳам пурзӯр намуда, тамоми чораҳоро барои таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат амалӣ хоҳанд кард.

 

Маркази матбуотии Раёсати Кумитаи
давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ

Май 22, 2020 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид