СУҚУТИ ҲАВОПАЙМО! Бар асари ин фоҷиа дар Покистон ҳамаи мусофирон қурбон шуданд

Май 22, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамаи 107 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймои суқуткардаи ширкати «Pakistan International Airlines» қарор доштанд, қурбон шуданд, гуфт шаҳрдори Карочӣ Васим Ахтар. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Associated Press» хабар медиҳад.

Ҳавопаймои байналмилалии «Airbus A320», ки бо хатсайри PK 8303 дар масири Лоҳур — Карочӣ парвоз анҷом медод, чанд дақиқа пеш аз фуруд дар минтақаи аҳолинишине дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо 51 мард, 31 зан ва 9 кӯдаки ноболиғ, инчунин ҳафт ҳайати сарнишинон буданд. Дар натиҷаи садама якчанд бинои истиқоматӣ хароб шуда, дар маҳалли ҳодиса наҷотдиҳандагон ва низомиён фаъолият доранд.

«Харобаҳои ҳавопаймо пурра таҳқиқ шуданд. Касе зинда намонд. Ҳоло ҷудокунии харобаҳо идома дорад», — шаҳрдори Карочӣ.

Хадамоти наҷотдиҳии маҳаллӣ хабар дод, ки аллакай даҳҳо ҷасад аз зери харобаҳо бароварда шуданд. Баъзеи онҳо сахт сӯхтаанд ва генетикҳо мебояд шахсияти қурбониёнро муайян кунанд.

Сабаби суқути ҳавопаймои ширкати байналмилалии Покистонро дар минтақаи Карочӣ нуқсони техникӣ гуфтан  ҳанӯз барвақт аст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба  хадамоти матбуоти ин ширкат.

«Пеш аз анҷом додани таҳқиқи техникии ин ҳодиса, наметавонем бигӯем, ки сабаби садама нуқсони техникӣ буд», — гуфт котиби матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ Абдуллоҳ Ҳофиз.

«Айни замон чизе гуфтан бармаҳал аст, — илова намуд ӯ. – Ҳамаи ҳайати сарнишинони покистонӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда омӯзонда шудаанд».

«Ҷузъиёти садама дар нишасти хабарӣ, ки рӯзҳои наздик баргузор мегардад, эълон хоҳад шуд», — гуфтанд аз хадамоти матбуот.

 

АКС аз AP Photo/Fareed Khan

Май 22, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси комиссияи ҳалли баҳсҳои молиявии Бонки марказии Афғонистон маҷрӯҳ шуд
Дар Бодғис дар натиҷаи таркиш ду полис ҷон бохтанд
Байден ИМА-ро ба СУТ ва созишномаи иқлим бозгардонид
Дирӯз Ҷозеф Байден ба ҳайси Президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида ба вазифа шурӯъ намуд
Дар натиҷаи таркиши мина дар назди бинои полиси Ҳирот шаш сарбози полис маҷрӯҳ шуданд
Набардҳои шадиди неруҳои амниятӣ бо «Толибон» дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон идома доранд
Сафорати ИМА дар Афғонистон амрикоиҳоро даъват мекунад, ки кишварро тарк кунанд
Дар Кобул ду судяи зан дар ҳамлаи шахсони мусаллаҳ кушта шуданд
Кушта шудани як ғайринизомӣ дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар Ғазнӣ
Дар Индонезия бар асари силсилаи заминҷунбиҳо 26 нафар ҳалок шуда, 600 тан осеб дидаанд
Олимон: Соли 2050 ҳарорати Замин метавонад ба ҳадди буҳронӣ бирасад
Як корманди додгоҳи шикоятии Нангарҳор дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуд